Оғози марҳилаи дуввуми бозсозии роҳҳои Қурғонтеппа ва Кӯлоб
Ширкати чинии "Чайна Роуд" марҳилаи дуввуми бозсозии роҳҳои дохилии шаҳрҳои Қурғонтеппа ва Кӯлобро оғоз кард.
Ба гузориши сайти “Авесто”, бар асоси ин тарҳ давлати Чин барои марҳилаи дуввуми бозсозии роҳҳои дохилии шаҳрҳои Қурғонтеппа ва Кӯлоб 59 миллиону 600 ҳазор юан ихтисос додааст.
Дар ин марҳила 22 километр аз роҳҳои дохилии ду шаҳри муҳими вилояти Хатлон- Қурғонтеппа ва Кӯлоб, аз ҷумла 4 пули иртиботӣ дар муддати як сол бозсозӣ мешавад.
Ин ширкати чинӣ дар 15 соли ахир бозсозии роҳи Душанбе – Хуҷанд то марзи Узбакистонро ба тӯли 357 километр ба поён расондааст.
Ҳамчунин ин ширкат дар 4 соли ахир тарҳи бозсозии роҳи ноҳияи Айнӣ то марзи Узбакистон дар водии Зарафшон, дар шимол ва Душанбе – Турсунзода то марзи Узбакистон дар маркази ин кишварро иҷро кардааст.
Кишвари Чин барои бозсозии роҳҳои Тоҷикистон беш аз 1 миллиард доллар ҳазина карда ва дар қиболи ин сармоягузорӣ муҷаввизи истихроҷи тилло аз 5 кони маъдани ин кишварро ба даст овардааст.