Сафари шуморе аз фаъолони иқтисодии минтақаи Урали Русия ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i101254-Сафари_шуморе_аз_фаъолони_иқтисодии_минтақаи_Урали_Русия_ба_Тоҷикистон
Шуморе аз бозаргонони минтақаи Урали Русия ба Тоҷикистон сафар мекунанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 22, 2023 09:56 Asia/Dushanbe
  • Сафари шуморе аз фаъолони иқтисодии минтақаи Урали Русия ба Тоҷикистон

Шуморе аз бозаргонони минтақаи Урали Русия ба Тоҷикистон сафар мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Светлана Ковалёва, раиси утоқи бозаргонӣ ва саноеъи минтақаи Урали Русия гуфт : Ин ҳайат шомили намояндагони 4 ширкати бузурги минтақа аст . Вай ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, ки сафари онҳо ба Тоҷикистон орзӯҳои соҳибкорони минтақаро амалӣ кунад . Ковалёва гуфт : " Умедворам дар боздиди мо корҳои хосе анҷом шавад, ки дар натиҷа қарордодҳои мушаххас баста шавад ва колоҳо дар ду ҷиҳат мунтақил шаванд . " Вай афзуд : " Соҳибкорони минтақаи Урал алоқаманд ба вуруд ба бозори Тоҷикистон ҳастанд . "