Апрел 26, 2023 09:58 Asia/Dushanbe
  • Навсозӣ ва баҳрабардорӣ аз корхонаи

Таҷҳизоти корхонаи "Азот" бузургтарин корхонаи тавлиди кимиёвӣ дар Тоҷикистон навсозӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, дар сурати пурра ба кор андохтани хатҳои технологӣ имкон аст, ки солона он 123,6 ҳазор тонна аммиак ва 180 ҳазор тонна карбамид истеҳсол кунад.

Ин маркази саноатӣ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баҳрабардорӣ шуд.

Бо фаъол шудан ин бунгоҳ, барои беш аз 1000 нафар шуғл эҷод шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар “Азот” асосан истеҳсоли карбамид, аммиак, дуоксиди карбон, оксигени газӣ ва нитрогени моеъ ба роҳ монда шудааст.

Дар он 1000 нафар фаъолият карда, иқтидори истеҳсолии он дар марҳилаи аввал 90 ҳазор тонна нурии минералиро ташкил медиҳад.

Корҳои таҷдиду навсозӣ дар ин иншоотро мутахассисону муҳандисони ҶДММ “Осиё Кемикал” дар муҳлати муайянгардида ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расонда, арзиши лоиҳавии он беш аз 400 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ба навиштаи манбаъ, “Тамоми маводи истеҳсолии корхона қабл ва баъд аз коркард дар озмоишгоҳи муосири муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти навтарин мавриди санҷиш қарор мегирад. Дар озмоишгоҳ асосан занону духтарон ба кор ҷалб гардидаанд”.

Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” собиқ корхонаи нуриҳои азотии Вахш (ВАТЗ) мебошад, ки он соли 1967 таъсис ёфта, бинобар фарсудагӣ аз кор монда буд.

 

Барчасп