Апрел 27, 2023 09:31 Asia/Dushanbe
  • Иртиботи ҳавоӣ байни «Шиан» ва «Ишқобод» ва «Душанбе» барқарор мешавад
    Иртиботи ҳавоӣ байни «Шиан» ва «Ишқобод» ва «Душанбе» барқарор мешавад

Мақомоти шаҳри «Шиан» воқеъ дар бахши маказиии Чин, қасд доранд парвозҳои борӣ дар масири Ишқобод ва Душанбе роҳандози кунанд.

Ба гузориши Садои Хуросон, фурӯдгоҳи шаҳри Шиан аз назари теъдоди парвозҳои борӣ яке аз фурӯдгоҳҳои байналмиллалии Чин ба шумор меравад.

Ба гуфтаи муофини фармондори устони Шаанхи ва сарпарасти раиси шаҳри Шиан, ҳадафи мақомоти маҳалии ин шаҳр эҷоди як ҳоби байналмиллалии ҳавонаварди ва ҳоби бории «Чин-Аврупо Експресс Чанган» (China-Europe Express Changan)  аст, ки мушкили эҷоди канали тиҷории байналмиллалӣ бо амалкарди боло, ҳазинаи кам ва хадамоти олиро ҳал кунад.

Интизор меравад, ки эҷоди каридури ҳавоии бори бо Ишқобод ва Душанбе дар канори соири масирҳои ҳавоӣ имкони пушиши ҳар 5 кишвари минтақаи Осиёи Марказиро фароҳам мекунад.