Густариши ҳамкориҳои чандҷонибамеҳвари дидори мақомоти Тоҷикистон ва Чин
Муовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва ҳайати тоҷирони чинӣ ба раёсати раиси ширкати табодули фарҳангии Ҷилини музофоти Футзян, дар хусӯси густариши равобити чандҷониба тавофуқ карданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ин дидор тавсеаи тиҷорат, аз ҷумла тавсеаи содироти маҳсӯлот аз Тоҷикистон ба устони Футзян, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҳамкорӣ дар заминаи ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Аҳлиддин Нуриддинзода, муовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бо ҳайате аз корофаринони чинӣ ба раёсати « Лин Ҷун, раиси ширкати мубодилаи фарҳангии Ҷилини музофоти Футзяни ин кишвар дидору гуфтугу кард.
Муовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бо ҳадафи густариши ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои диҷиталсозӣ, тиҷорати электронӣ, иқтисоди сабз, кишоварзӣ ва ҳамчунин афзоиши ҳаҷми содироти колоҳо аз назари зистмуҳитии тозаи Тоҷикистон ба Чин, тавсеаи бештари равобит дар бахши ҳамлу нақл ва луҷистик ба тарафи чинӣ пешниҳодоти мушаххасеро ироа кард.