Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар нишасти солонаи Бонки Рушди Осиёӣ
Ҳайати Тоҷикистон ба раёсати дастёри раиси ҷумҳур дар умури иқтисоди дар панҷовушашумин нишасти солонаи Бонки Рушди Осиёӣ ширкат мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс нишасти Бонки Рушди Осиёӣ 2 то 5 май соли ҷорӣ дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор хоҳад шуд.
Ҳудуди 5000 нафар аз ҷумла вазирони дороӣ, раиси бонки марказӣ, мақомоти аршади давлати, намояндагони бахши хусуси, намояндагони созмонҳои байналмилали ва ҷомеъаи шаҳрванди ва расонаҳо дар ин руйдод ширкат мекунанд.
Дар ин гузориш омада аст иҷлоси солона бузургтарин нишасти бонк аст ва фурсати мунҳасир ба фард барои мушорикат дар баҳсҳои амиқ дар мавриди масоили рушд ва чолишҳои пешируи минтақаи Осиёи Марказӣ ва уқёнусия аст.
Бонки Рушди Осиёӣ ба мақомоти Тоҷикистон тавсеъа мекунад, ки гузар ба иқтисоди диҷитолиро ташдид кунанд.
Бонки Рушди Осиёӣ бо маҷмуъи кумакҳои молии пеш аз 2.5 миллиард доллар шомили беш аз 1.9 миллиард доллар кумакҳои ройгон аслитарин кумаккунандаи молии Тоҷикистон аст.