Май 04, 2023 17:18 Asia/Dushanbe
  • Имзои 2.6 миллиарддолларии қарордод дар ҳошияи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон

Дар поёни ҳамоиши тиҷорӣ, ки дар чорчуби сафари раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ба Қазоқистон баргузор шуд, мақомоти ду кишвар тавофуқоте ба маблағи беш аз 2.6 миллиард доллар имзо карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин ҳамоиши тиҷорӣ беш аз 200 тоҷиру намояндагони ширкату корхонаҳои мухталифи Тоҷикистону Қазоқистон ширкат карданд .
Дар ҷараёни ин ҳамоиш, ки дар ибтидои он Сулаймон Зиёзода-муовини нахуствазири Тоҷикистон ва Серик Жумонгарин-муовини нахуствазири Қазоқистон суханронӣ карданд, вазирони саноъату фанновариҳои навин, кишоварзӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатӣ ва раиси Кумитаи ҳифозат аз муҳити зисти Тоҷикистони фурсатҳову шароити сармоягузорӣ ва ҳамкории байни ду кишвар дар заминаҳои саноъату фанновариҳои навин, кишоварзӣ, ҳифозат аз муҳит зист, содирот, сохти марказҳои логистикӣ ва марказҳои яхлутфурушӣ,ироа карданд .
Ду тараф таи ин ҳамоиши тиҷорӣ тавофуқ карданд, то бо сармоягузории Қазоқистон ширкатҳои тавлидии муштарак дар манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон аз ҷумла минтақаи озоди иқтисодии « Кӯлоб » эҷод кунанд ва тавофуқномаи дароздмуддатеро, ки эътимоду итминони воқеии тиҷорати Қазоқистон барои сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистонро таъйид мекунад, имзо карданд .
 

 

Барчасп