Май 08, 2023 17:50 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар талош барои эҷоди камарбанди амниятӣ дар саросари марзи худ бо Афғонистон

Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо ишора ба масъалаи амнияту қочоқи маводи мухаддир дар минтақа аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай хост то як воҳиди мустақил дар Тоҷикистон ба манзури муқобила бо қочоқи маводи мухаддир эҷод кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин изҳорот аз сӯи Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар пайи даргирии ахири маъмурони иҷрои қонӯни ин кишвар бо қочоқчиёни маводи мухаддир аз Афғонистон матраҳ шудааст.

Пештар мақомҳои Тоҷикистон нигаронии худро бобати афзоиши сатҳи қочоқчиёни маводи мухаддир аз Афғонистон ва дар марзи ду кишвар иброз карда буданд.

Раиси неруҳои марзбонии Тоҷикистон дар минтақаи Бадахшон дар пайи даргирӣ бо мардони мусаллаҳ, ки аз Афғонистон буданд, кушта шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нахустинбор тарҳи эҷоди як камарбанди амниятиро дар саросари марзи Афғонистон дар нишасти соли гузаштаи Созмони Паймони Амнияти Датаҷамъӣ матраҳ карда буд ва ин бор, вазири хориҷаи Тоҷикистон аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай чунин масъалаеро дархост кард.

 

Барчасп