Май 10, 2023 11:51 Asia/Dushanbe
  • Табодулоти иқтисодии 100 миллиондолларӣ байни Суғди Тоҷикистон ва манотиқи Туркия

Арзиши мубодилаи коло байни Суғду манотиқи Туркия ба 100 миллиондоллар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин матлаб дар мулоқоти раиси минтақаи Суғд бо муовини ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии ожонси Туркия баён шуд.

Раиси минтақаи Суғд дар ин дидор бо ибрози хурсандӣ аз сатҳи кунӯнии ҳамкориҳои дуҷониба, бар нақши ожонси Туркия дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ таъкид кард.

Аҳмадзода гуфт, ки дар натиҷаи музокироту ҷаласот бо маҳофили тиҷории Туркия, ҳамкориҳои сармоягузорӣ, тақвият шудааст ва тоҷирон Туркия дар иҷрои пружаҳои муштарак, аз ҷумла фаъолсозии корхонаи ресандагӣ дар минтақаи Мастчоҳ мушорикат доранд.

Хотирнишон шуд, соли гузашта гардиши колоҳо ва маҳсӯлот байни минтақаи Суғду манотиқи Туркия 100 миллиондоллар буда ва имсол низ шохисҳо рӯ ба беҳбуд аст.

Дар ҳамин ҳол, муовини Ожонси ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии Туркия ҳам бо қадрдонӣ аз кумакҳои давлати Тоҷикистон ба мардуми зилзилазадаи Туркия, омодагии худро барои иҷрои пружаҳои ҷадид эълом кард.

Вай гуфт, ин идора то кунун пружаҳои мутааддидеро дар заминаҳои омӯзишӣ ва беҳдоштӣ иҷро кардааст ва дар оянда низ дар назар дорад дар тавсеаи ин риштаҳо мушорикат дошта бошад.

 

Барчасп