Дурахшиши теквандокори навҷавони тоҷик дар мусобиқоти байналмиллалӣ
(last modified Thu, 11 May 2023 04:09:18 GMT )
Май 11, 2023 09:09 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши теквандокори навҷавони тоҷик дар мусобиқоти байналмиллалӣ
    Дурахшиши теквандокори навҷавони тоҷик дар мусобиқоти байналмиллалӣ

Донишомӯзи яке аз марокизи омӯзишии шаҳри Душанбе дар мусобиқоти байналмиллалии теквандо мақоми аввалро касб кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, донишомӯзи синфи  панҷуми муъасисаи омӯзишии давлатии "Gymnasium Asadullo Gholomov" шаҳри Душанбе дар мусобиқоти байналмиллалии теквандо, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, мақоми аввалро касб кард.

Асомуддин Бобозода раиси муъасисаи омӯзиши умумии  идораи омӯзишу парвариши Душанбе гуфт: 200 варзишкори Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон дар мусобиқоти байналмиллалии теквандо ширкат карданд.

Вай афзӯд: Дар ин рақобатҳо  Назар  Рукомов донишомӯзи синфи севвуми мактаби шумораи 4 донишомӯзи тезҳуши шаҳри Душанбе мақоми дуввумро касб кард.