Ҳазинаи 5406 доларии ҳаҷи фарзӣ барои ҳоҷиёни тоҷик
(last modified Sat, 13 May 2023 13:32:21 GMT )
Май 13, 2023 18:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳазинаи 5406 доларии ҳаҷи фарзи барои ҳоҷиёни тоҷик
    Ҳазинаи 5406 доларии ҳаҷи фарзи барои ҳоҷиёни тоҷик

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазинаи ҳаҷи фарзии соли 2023 барои ҳар зоири тоҷикро 59 ҳазор сомонӣ ҳудуди 5406 доллар эълом кард, ки нисбат ба соли гузашта 1520 сомонӣ ҳудуди139 доллар камтар аст.

Бар гузориши хабаргузории Форс, бар асоси эъломи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони тоҷик имсол барои анҷоми ҳаҷи фарзӣ 59 ҳазор сомонӣ ҳазина мекунанд, ки шомили ҳазинаи билети рафту баргашт, истиқомат дар Макка ва Мадина, се ваъда хурок, пардохти хадамоти роҳнамоӣ, хариди густфанд барои қурбонӣ ва хадамоти пизишкӣ аст.

Зоирони тоҷик аз 10 то 20 июн аз тариқи фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва Хуҷанд метавонанд ба Арабистони Саудӣ сафар кунанд.

Арабистон имсол ба Тоҷикистон 7 ҳазор саҳмияи ҳаҷ ихтисос додааст, мувофиқатномаи марбута дар моҳи январи соли ҷорӣ дар сафари ҳайати Тоҷикистон ба раёсати Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини ин кишвар ба Арабистон имзо шуд.

Соли гузашта ҳазинаи ҳаҷи фарзӣ дар Тоҷикистон 61 ҳазор сомонӣ ва теъдоди саҳмияҳо 3500 нафар эълом шуда буд.