Май 18, 2023 09:06 Asia/Dushanbe
  • Баргузории Ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе
    Баргузории Ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе

Ҳаждаҳумин Ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шанхай, баргузор мешавад.

Ба гузориши Садои Хуросон, ҳаждаҳумин Ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шанхай ҳафтаи оянда  (22-23 май) ба раёсатии Маркази иттилоъотии стратежикии вобаста ба раёсатҷумҳӯрии Тоҷикистон барпо мешавад.

Ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шанхай як меконизми мушовираи умумӣ-коршиносии чанд ҷониба аст, ки барои кумак ва пуштибонии илмӣ-таҳлилии фаъолияти Шанхай рушди ҳамкории байни Марказҳои илмӣ ва муттолеъотии кишварҳои узв, анҷоми  муттолеъоти муштараки мавзуъоти муҳим дар ҳавзаи ин Созмон, густариши табодули назар байни донишмандон ва коршиносон дар заминаҳои сиёсат, амният, иқтисод, ҷомеъашиносӣ, зистмуҳити, фанновариҳои навин пешбинӣ шудааст.

Ин ҳамоиш дар сол 2006 эҷод ва шомили як Маркази муттолеъотии муҳим аз ҳар кишвар узв аст. Раёсати ин Ҳамоиш ҳар сола бар уҳдаи Марказ милии таҳлилии яке аз кишварҳои узв гузошта мешавад. Маркази муттолеъоти стратежикит вобаста ба раёсатҷумҳӯрии Тоҷикистон ин Ҳамоишро намояндагӣ мекунад.

Аз замони таъсис то кунун 17 Ҷаласа ба раёсатии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шуда ва ҳаждаҳумини он ин моҳ ҷории мелодӣ ба раёсатии Маркази муттолеъоти стратежикии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Барчасп