Густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи вилояти Хатлони Тоҷикистон бо устони Хуросони Разавии Эрон
Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, иродаи мақомоти олии ду кишвари Эрону Тоҷикистон, ба вижа дар устонҳои Хуросони Разавӣ ва вилояти Хатлон, бар тавсеаи равобит дар ҳамаи бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аст.
Ба гузориши хабаргузории «Меҳр», Муҳаммадтақии Собирӣ, рӯзи чаҳоршанбе ба сурати интернетӣ дар ҳамоиши муштараки корофаринони Эрону Тоҷикистон дар маҳалли Утоқи бозаргонии Машҳад, бо ишора ба равобити хуби Хуросони Разавӣ ва вилояти Хатлони Тоҷикистон дар солҳои ахир изҳор дошт, натиҷаи ин иртиботот сафари Яъқубалии Назарӣ, устондори Хуросони Разавӣ ба Хатлон шуд ва дар он сафар ҳам тавофуқҳои хубе байни ду тараф анҷом гирифт.
Вай баён кард, дар пайи сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон низ, ки дар хурдодмоҳи соли 1401 анҷом шуд, тафоҳумномаҳое байни устондори Хуросони Разавӣ ва раиси вилояти вақти Хатлон баста шуд ва ҳамзамон бо ин сафар барои тақвияти фаъолият байни фаъолони бахши хусусии Эрону Тоҷикистон, руасои утоқҳои бозаргонии ду кишвар бо ҳадафи ташкили Шӯрои муштараки корофаринон тафоҳумнома имзо карданд. Дар пайи он утоқҳои муштараки Эрону Тоҷикистон низ пайгириҳои хубе ҳам барои амал ба мафоди ин тафоҳумномаҳо доштанд.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон бо баёни ин ки устонҳои Хуросони Разавӣ ва Хатлон- ду устони муҳими Эрон ва Тоҷикистон ҳастанд, афзуд: Бо тавваҷуҳ ба зарфияти иқтисодии ду кишвар ва моҳияти мукаммили иқтисодии онҳо бояд шоҳиди афзоиши омори табодулоти тиҷорӣ байни ду кишвар бошем.
Вай ҳамчунин аз баргузории намоишгоҳи ихтисосии маҳсулоти Эрон дар авохири моҳи сентябр (шаҳривармоҳ) –и имсол дар Тоҷикистон хабар доду гуфт: Барпоии ин намоишгоҳ зарфияти хубе барои ширкатҳои эронӣ, ба вижа ширкатҳои донишбунён аст, Хуросони Разавӣ низ аз зарфиятҳои билқувваву билфеъли зиёде дар заминаи донишбунён бархӯрдор будааст, ки умедворем дар сафари устондори Хатлон ба Хуросони Разавӣ мавриди тавваҷуҳи вай қарор гирад.
Маъруфҷон Абдураҳмонов, дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон афзуд: Порсол 30 соли равобити дипломатӣ байни Тоҷикистону Эронро ҷашн гирифтем. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз то истифодаи комил аз зарфияти иртиботӣ байни ду кишвар ба таври пурра истифода нашудаву роҳи зиёде мондааст.
Дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон баён кард, дар 30 сол руасои Тоҷикистон ва Эрон наздики 30 сафар ба кишварҳои ҳамдигар доштанд ва беш аз 200 санади муштараки ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расидааст. Комиссияи муштарак ва ҳамчунин Кумитаи пайгирӣ ба ҳамин манзур шакл гирифтааст ва Тоҷикистон ҳеҷ кумитаи пайгирии муштараки дигаре бо соири кишварҳо, ба ҷуз Эрон надорад.
Маъруфҷон Абдураҳмонов сафари ахири руасои ҷумҳурии ду кишвар ба кишварҳои ҳамдигарро бисёр муҳим арзёбӣ карду гуфт, раиси ҷумҳурии Эрон нахустин сафари хориҷии худро бо Тоҷикистон оғоз кард ва ҳамчунин ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон низ сафар кард, ки дар ин сафарҳо бештарин тамаркуз бар асноди иқтисодӣ будааст.