Май 19, 2023 20:49 Asia/Dushanbe
  • Дидори Президенти Тоҷикистон бо сармоягузорони чинӣ
    Дидори Президенти Тоҷикистон бо сармоягузорони чинӣ

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи сафари худ ба Чин, бо намояндагони ширкатҳои муътабари сармоягузорӣ ва тиҷории ин кишвар дидор кард.

Ба гузориши хабаргузории «Форс», Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шиани Чин бо намояндагони беш аз 40 ширкати муътабари сармоягузориву тиҷории ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Бинобар суханони раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишасти имрӯз ба тавсеаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни давлатҳову мардуми ду кишвар ангезаи ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома афзуд, ҳамкориҳои босамар байни Тоҷикистону Чин дар соли гузаштаи мелодӣ имкони афзоиши 40 дарсадии ҳаҷми тиҷорати мутақобилро фароҳам кард.

Ӯ афзуд, дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 100 ширкат бо мушорикати сармоягузорони чинӣ дар заминаҳои мухталифи иқтисод фаъолият мекунанд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дод, ба таври куллӣ тайи 10 соли гузашта сармоягузорони чинӣ 2. 6 миллиард доллар дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаанд, ки беш аз 57 дарсад аз он бо сармоягузориҳои мустақим муртабит аст.

Дар поёни ин дидор раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҳофили тиҷории Чин барои анҷоми сафар ба кишвараш даъват ба амал оварду гуфт, ки давлати Тоҷикистон омодаи баррасӣ ва ҳимояти пешниҳодоти сармоягузорони чинӣ дар заминаи барқарории ҳамкории мутақобили судманд дар ҳавзаҳои фавқуззикр мебошад.

Шоёни зикр аст, ки имрӯза беш аз 170 пружаи сармоягузорӣ ба арзиши беш аз 8 миллиард доллар дар Тоҷикистон дар ҳоли иҷро қарор доранд.

Қонуни феълии Тоҷикистон беш аз 240 навъ замонату имтиёз, аз ҷумла беш аз 100 тарҷеҳоти андозӣ ва гумрукӣ ва сабукиҳоро барои сармоягузорон пешбинӣ кардааст.

 

Барчасп