Май 20, 2023 17:40 Asia/Dushanbe

Модари Хуршед Фозилов, рӯзноманигори боздошт шудаи тоҷик аз раисиҷумҳури Тоҷикистон хост писарашро озод кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия плюс, парвандаи Хуршед Фозилов барои расидагӣ ба додгоҳи шаҳри Панҷакент фиристода шуд.

Дилафрӯз Самадова, вакили дифоӣ ӯ ин матлабро баён кард.

Парвандаи Фозиловро ниҳодҳои амниятии минтақаи Суғд расидагӣ карданд.

Дар пайи ирсоли парвандаи Хуршед Фозилов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик ба Додгоҳи шаҳри Панҷакент ва эълони рӯзи мурофиа модари рӯзноманигор бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хостааст, ки баррасии парвандаи писарашро зери назорат гирифта, ӯро озод кунад.

Қарор аст, аввалин ҷаласаи муҳокимаи Фозилов 25 май дар боздоштгоҳи муваққати Хуҷанд баргузор шавад.

Дар пайи ин, Азиза Нуъмонова, модари Хуршед Фозилов дар муроҷиатномааш ба президент гуфтааст, писараш саробони оила буда, соҳби се фарзанди ноболиғ аст  ва бовар дорад, ки бегуноҳии ӯро ба назар гирифта, барои озодшавиаш мусоидат мекунанд. Ӯ бовар дорад, ки фарзандаш ҳеҷ гоҳ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар кишвар ҳамкорӣ накарда, қурбонии хусумати чанд тан аз мансабдорони маҳаллӣ гардидааст. “Бинобар ин, мақомдорони маҳаллӣ барои ошкор нашудани камбудиҳои ҷойдошта рӯзноманигори ҳақиқатгӯ ва адолатпешаро барои дастгир ва ҳабс шуданаш чораҷӯӣ намуданд”, – омадааст дар муроҷиатнома. Ӯ афзудааст, ки писараш ҳеҷ гоҳ бар зидди давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишвар ҳарфӣ бад нанавиштааст, ки инро мақолаву гузоришҳояш собит мекунанд.

“Баъди гирифтани компютери кории ӯ аз дасти мақомоти раёсати КДАМ-и вилояти Суғд мароқ зоҳир намуда, навиштаҳои электронӣ, сабтҳои видеоиву овозӣ ва дастнависҳову мақолаҳои чопнашудаашро назар кардам. Ягон ҳарфи ноҷое нисбати давлату миллат ва ҳукумату сиёсати онро надидам”, -омадааст дар муроҷиатномаи ӯ.

Ин модар афзудааст, фарзандаш то мамнуъ гардидани сомонаи ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи “Ахбор. ком” бо ин сомона ҳамкорӣ дошт, аммо баъди он ки ин сомона аз сӯи мақомот мамнуъ эълон шуд, ҳамкориро қатъ кард. Дар охир, ин зан аз Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш кардааст, ки “барои озодии фарзанди ноновару дастёр, падари се набераи ноболиғи гирёну шавҳари келини чашмбароҳаш мусоидат намояд”.

Дилафрӯз Самадова, вакили дифоӣ ӯ расман аз додрас хостааст, ки мурофиа дар бинои додгоҳи шаҳри Панҷакент баргузор шавад, вале то ҳол маълум нест, ки дархости ӯро додрас ба назар мегирад ё не.

Хуршед Фозилов,  ки аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои кишвар хабару гузориш ва мақолаҳо менавишт 6–уми марти соли равон аз сӯи кормандони шуъбаи амнияти шаҳри Панҷакант боздошт ва дертар ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд бурда шуд. Мақомот ӯро барои ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнуъ айбдор мекунанд. Вале худи ӯ, тавассути вакили дифоаш гуфтааст, ки ӯро маҷбур карданд, ки бар зидди худаш баёнот диҳад ва ҳеҷ гоҳ бо созмонҳои мамнӯъ дар кишвар ҳамкорӣ надошт.

 

Барчасп