Баргузории аввалин нишасти ҳамоҳангкунандагони миллии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар Душанбе
(last modified Tue, 23 May 2023 15:09:55 GMT )
Май 23, 2023 20:09 Asia/Dushanbe
  • Нишасти ҳамоҳангкунандагони миллии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар Душанбе
    Нишасти ҳамоҳангкунандагони миллии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар Душанбе

Аввалин нишасти байналмилалии ҳамоҳангкунандагони миллии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар Душанбе баргузор шуд.

Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳамкории Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар рӯзҳои 23 то 26 май нишастеро бо ҳузури афсарони миллии иртиботӣ, ба манзури рушди фаннии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ баргузор мекунад.

Ба гузориши "Ховар", ин ҳамоиш барои аввалин бор тавассути Тоҷикистон баргузор шуд.

Нишасти солонаи афсарони миллии иртиботӣ ба беҳбуд ва иртиқои тарҳҳои ҳамкории фаннии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ихтисос дорад ва бистари муҳиме барои ҳамкорӣ ва табодули идеяҳо, беҳтарин шеваҳо дар иҷрои барномаҳои ҳамкории фаннии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ барои кишварҳои узв аст.

Мақомоти Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон эълом карданд, нишасти солонаи афсарони миллии иртиботӣ ба беҳбуд ва иртиқои барномаҳои ҳамкории фаннии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ихтисос дорад.

Дар чорчӯби ин нишаст намояндагони кишварҳои узви минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ гирдиҳам омаданд то нақши муҳими ҳамкории фаннӣ дар дастёбӣ ба корбурди сулҳомези илм ва фановарии ҳастаиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор диҳанд.