Барпоии намоишгоҳи донишгоҳҳои Русия ва Беларус дар Тоҷикистон
Сафорати Русия дар Душанбе аз баргузории ёздаҳумини намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои ин кишвар ва Беларус дар Тоҷикистон хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бахши аввали намоишгоҳи мазкур дар маҳали Китобхонаи миллии шаҳри Душанбе баргузор шуд ва бахши дувуми он дар маҳалли «Кохи Ҷавонон»-и шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғди Тоҷикистон оғоз ба кор кард.
Дар чорчуби ин руйдод боздидкунандагон метавонанд бо заминаҳои муҳимми омузиш дар 39 донишгоҳи Русия ва 10 донишгоҳи Беларус ошно шаванд ва ҳамчунин бо намояндагони муассисоти олии омузишии ин ду кишвар гуфтугӯ кунанд.
Бинобар суханони Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон, дар соли таҳсилии ҷорӣ дар Русия беш аз 28 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ки 5 ҳазор нафар бештар аз як соли қабл аст.
Вай хотирнишон кард, ки теъдоди донишҷуёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд ҳамчунон рӯ ба афзоиш аст.
Ба гуфтаи вай, намоишгоҳи «Таҳсилоти русӣ – беларусӣ. Тоҷикистон» руйдоди муҳимме дар заминаи омузишу ҳамкориҳо байни Русия, Беларус ва Тоҷикистон ва як марҳаллаи муҳимме дар иҷрои тавофуқоти раисони ҷумҳур дар хусуси эҷоди фазои воҳиди омузишӣ аст.