Оғози сеюмин Ҳамоиши байналмилалии содирот дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 24 May 2023 14:18:33 GMT )
Май 24, 2023 19:18 Asia/Dushanbe
  • Баррасии тадвину муаррифии стандартҳои байналмилалӣ, мавзӯоти ҳамлу нақлу лаҷистик дар ҳамоиши содирот
    Баррасии тадвину муаррифии стандартҳои байналмилалӣ, мавзӯоти ҳамлу нақлу лаҷистик дар ҳамоиши содирот

Сеюмин Ҳамоиши байналмилалии содирот дар Тоҷикистони оғоз ба кор кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, имрӯз - чаҳоршанбе дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлони Тоҷикистон сеюмин Ҳамоиши байналмилалии содирот оғоз ба кор кард.

Дар ин ҳамоиш, ки тавассути Ожонси содироти вобаста ба раёсати ҷумҳурӣ ва раиси вилояти Хатлони Тоҷикистон созмондеҳӣ шуда, намояндагони давлат, руасои ниҳодҳои марбута, намояндагони ниҳодҳои дипломатии муқими ин кишвар, руасо ва намояндагони шуракои тавсеа ва бахши хусусӣ, мудирону аъзои ширкату корхонаҳои дохиливу хориҷӣ ҳузур доранд.

Ин ҳамоиш, ки ба муддати ду рӯз идома хоҳад кард, тадвину муаррифии стандартҳои байналмилалӣ, мавзӯоти ҳамлу нақлу лаҷистик, пешбурду тавсеаи содирот мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад.