Май 25, 2023 10:31 Asia/Dushanbe
  • Таблиғи имконоти гардишгарии Тоҷикистон дар намоишгоҳи Арабистон
    Таблиғи имконоти гардишгарии Тоҷикистон дар намоишгоҳи Арабистон

Тавонмандиҳои гардишгарии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии Арабистони Саудӣ муаррифӣ шуд.

Дар шаҳри Риёзи Арабистон, руасои ширкатҳои гардишгарии дохилӣ ва намояндагони расонаҳои гуруҳии миллӣ фурсатҳои гардишгарии Тоҷикистонро дар намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии “Riyadh Travel Fair - 2023” муаррифӣ карданд.

Намоишгоҳи гардишгарии Риёз - 2023 муҳимтарин рӯйдоди фарҳангӣ дар минтақа маҳсуб мешавад ва ба унвони бистаре барои муаррифии маҳсулот, хадамот ва сармоягузориҳои гардишгарӣ тавассути бузургтарин ширкатҳои гардишгарӣ дар ҷаҳон амал мекунад.

Дар ҳошияи намоишгоҳ, нишасти намояндагони саноати гардишгарии Тоҷикистон бо бахши гардишгарии Арабистон ва сармоягузорони ин кишвар баргузор шуд.

 

Барчасп