Декабр 22, 2016 10:43 Asia/Dushanbe
  • Январи 2017: Замони баҳрабардорӣ аз пойгоҳи низомии Русия дар Қӯрғонтеппа

Бинои пойгоҳи низомии ҷадиди артиши Русия дар шаҳри Қӯрғонтеппа, дар моҳи январи соли ҷадид ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.

Ба гузориши сойти Спутник, сохти ин пойгоҳи низомӣ дар марҳалаи ниҳоӣ қарор дорад ва ба ин манзур Вазорати дифои Русия беш аз 534 миллион рубл ихтисос додааст.

Ин пойгоҳ дар маҳалли истиқрори двизияи заминии собиқи артиши Русия дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳолли сохт аст, ки шомили маркази дармонии дорои 50 тахтихоб, бинои истиқоматӣ барои афсарон, ду сарбозхона барои 600 сарбоз ва дигар таъсисоти зербиноӣ хоҳад шуд.

Бар асоси созишномаи дуҷониба миёни Русия ва Тоҷикистон, пойгоҳи низомии 201 артиши Русия дар ин кишвар, бо ҳафт ҳазор нерӯ, то соли 2042 ҳузур хоҳад дошт.

Ин пойгоҳ бузургтарин маркази низомии Русия дар хориҷ ба ҳисоб меояд, ки дар сурати ҳарнавъ тааррузи хориҷӣ ба Тоҷикистон, бояд аз тамомияти арзии ин кишвар дифоъ кунад.

Вазорати дифои Русия эълом кардааст, ки дар соли 2017 таслиҳот ва таҷҳизоти пешрафтаи ҷангӣ ба пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон ирсол хоҳад кард.

 

Барчасп