Май 27, 2023 19:11 Asia/Dushanbe
  • Гилояи раиси вилояти Хатлон аз набуди таҷҳизоти фароварӣ ва захирасозии маҳсӯлоти кишоварзӣ

Раиси вилояти Хатлон мегуяд, бештари маҳсӯлоти кишоварзии минтақа ба далели набуди таҷҳизоти фароварӣ ва захирасозӣ аз байн меравад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Давлаталӣ Саид гуфт, беш аз якмиллиону 600 ҳазор тон сабзиҷот шомили 500 ҳазор тон пиёз ва наздик ба 240 ҳазор тон мева дар минтақа тавлид мешавад.

Вай гуфт, аз ин мизон фақат ҳудӯди 100 ҳазор тон содир мешавад.

Раиси минтақаи Хатлон гуфт, муттаассифона ба далели камбуди зарфиятҳои тавлидӣ барои фароварӣ ва нигаҳдории маҳсӯлоти кишоварзӣ, бештари маҳсӯлот аз байн меравад.

Вай афзуд, мақомоти Тоҷикистон алоқаманд ба ҷазби сармоягузории хориҷӣува ҳамкорӣ бо туҷҷору сармоягузорон барои роҳандозии ширкатҳои фароварӣ ва бастабандии маҳсӯлоти кишоварзӣ ба манзури содирот ба бозорҳои дур ва наздик ҳастанд.

Давлаталӣ Саид ҳамчунин созмондиҳии марокизи луҷустикиро дар бардошти ба мева, арзаи мудовими мева ба бозор, танзими қимату рушди маҳсӯлоти кишоварзӣ ва ҳамчунин афзоиши тавони содиротии минтақа нақши басазое ифо мекунад.

Раиси минтақаи Хатлон афзуд, 66 сардхона бо зарфияти 24 ҳазору 25 тон ва 61 анбор бо зарфияти 1538 тон маҳсӯлоти кишоварзӣ дар минтақа вуҷӯд дорад, ки корофаринон ва содиркунандагон метавонанд ба сӯрати густарда аз онҳо истифода кунанд.