Вазорати нақлёти Тоҷикистон: Парвози “Ямал” истисноӣ буд
Субҳи имрӯз, 22 декабр ҳайати комиссияи давлатии Тоҷикистон барои идомаи гуфтугӯҳо бо Вазорати нақлиёти Русия дар мавриди парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” ба шаҳри Маскав сафар кардааст.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон парвози ҳавопаймои ширкати “Ямал”-и Русия ба Душанбе имрӯз анҷом хоҳад шуд.
Ба навиштаи сойти Озодагон, манбаъ мегӯяд, бо назардошти он ки 100 мусофир билет харидорӣ карда, муддати ду рӯз дар фурудгоҳи “Жуковский” мунтазири парвоз буданд, ҷониби Тоҷикистон ба таври истисноӣ қарор қабул намуда, ба ширкати “Ямал” иҷозаи парвоз додааст.
Вазорат меафзояд, ширкати “Ямал” барои парвоз ба Душанбе ва Хуҷанд аз тарафи Вазорати нақлиёти Русия иҷозат гирифтааст, аммо Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бинобар риоя нашудани баробарӣ (паритет) парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал”-ро ба Тоҷикистон дар мавсими зимистони солҳои 2016-2017 ғайриимкон медонад.
Вазорати нақлиёти Русия қаблан таҳдид карда буд, дар сурати иҷро накардани уҳдадориҳо аз ҷониби Тоҷикистон парвозҳоро ба самти Душанбе қатъ мекунад. Бори дуввум аст, ки Русия барои анҷоми парвозҳо аз фурудгоҳи навтаъсиси “Жуковский” ба Тоҷикистон аз таҳдид кор мегирад.
Вазорати нақлиёти Русия 2 ноябри соли равон баъди мухолифати Тоҷикистон ба парвоз аз ин фурудгоҳ ба қатъи тамоми парвозҳо аз Русия таъкид кард. Аммо баъдан, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки ҷонибҳо 7 ноябр ба созиш омаданд.