Июн 03, 2023 18:55 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Доғистон барои сохти нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон

Ҷумҳурии Доғистони Русия барои сохти нерӯгоҳҳои кучаки офтобӣ дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон эъломи омодагӣ кард.

Ин матлаб дар дидори Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия бо Бадриддин Муҳаммадов, раиси Утоқи бозаргонӣ ва саноати ҷумҳурии Доғистон эълом шуд.

Ба гуфтаи Муҳаммадов, Доғистон омодаи кумак ба сохту насби нерӯгоҳҳои кучаки хуршедии сохти ширкатҳои ин ҷумҳурӣ дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон ба хусӯс дар минтақаи Бадахшон аст. Дар ин замина ширкати «Силикони Доғистон» (Dagkremniy) низ аз таҷрибаи сохти нерӯгоҳҳои хуршедӣ дар Бангладешу Непол бархӯрдор аст.

Ин мақоми доғистонӣ чашмандози ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ин заминаро умедворкунанда тавсиф кардааст.

Сафири Тоҷикистон зимни боздид аз Ҷумҳурии Доғистон бо мақомоти он дидор ва дар хусӯси тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои иқтисодӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, беҳдоштӣ, илмӣ, омӯзишӣ ва гардишгарӣ гуфтугу кард.

 

 

Барчасп