Касби нишони тиллои дзюдочиёни тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i103132-Касби_нишони_тиллои_дзюдочиёни_тоҷик_дар_мусобиқоти_байналмилалии_Душанбе
Дзюдочиёни тоҷик нишонҳои тиллои мусобиқоти Гран При Душанберо ба даст оварданд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Июн 04, 2023 20:23 Asia/Dushanbe
  • Касби нишони тиллои дзюдочиёни тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии Душанбе

Дзюдочиёни тоҷик нишонҳои тиллои мусобиқоти Гран При Душанберо ба даст оварданд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Тоҷикистон давоми ду рӯзи мусобиқаи байналмилалии дзюдо дуввумин медали тилоро соҳиб шуд. Сомон Маҳмадбеков ва Обид Ҷебов муаллифони нишони заррин мебошанд.

Сомон Маҳмадбеков ҷудокори тоҷик дар рӯзи дуввуми Гран При Душанбе ба хазинаи варзишии кишвар нишони тило овард.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали мусобиқот Обид Ҷебов медали тилло гирифт - дар қувваозмоии ниҳоӣ дар вазни то 66 кг Мурод Чопанови русро шикаст дод.