Июн 06, 2023 09:45 Asia/Dushanbe
  • Лавров : Осиёи Марказӣ ҷабҳаи эҳтимолии дигар алайҳи Русия аст

Сергей Лавров-вазири хориҷаи Русия бо таъкид бар инки Маскав аз қавоиди таҳмилии Амрико пайравӣ намекунад ҳушдор дод, ки Ғарб қасд дорад ҷабҳаи дувум ва сеюмро алайҳи Русия боз кунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Лавров дар ҷараёни боздид аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон гуфт : Ғарб ҳамеша ба дунболи роҳҳои бештар ба манзури эҷоди музоҳимат барои Русия ва боз кардани ҷабҳаи дувум ва сеюм алайҳи мост.
Вай афзуд ки илова бар Қафқози ҷанӯбӣ, Осиёи марказӣ ҷабҳаи эҳтимолии дигар алайҳи Русия аст .
Вазири хориҷаи Русия таъкид кард : Мо аз барномаҳои Ғарб огоҳ ҳастем, аммо тардиде нест ки ин тарҳҳо ба воқеият нахоҳанд пайваст.
Лавров гуфт, ки Ғарб қасд дорад Украинаву Русияро аз ҳам ҷудо кунад, аммо ин тарҳ маҳкум ба шикаст аст .
Вазири хориҷаи Русия хотирнишон кард, ки Аврупо тасмим гирифтааст дар масири ҷанг бо Русия қадам бигузорад ва ба аҳдофи худ бирасад . Лавров бо ишора ба ҳимояти таслеҳотии Ғарб аз Украина гуфт : Онҳо бо ҷиддият барои ирсоли ҷангандаҳои Ф - 16 ба Украина ва барои ташдиди ҷанг омода мешаванд .
Вай афзуд : Масъалае ки бояд мадди назар дошт ин аст ки ин ҷангандаҳо қодир ба ҳамли таслеҳоти ҳастаӣ ҳастанд .
Лавров дар бахши дигаре аз суханони худ бо баёни инки « Русия мусаммам аст ҳаргиз аз қавоиди таҳмилии Вашингтон пайравӣ накунад » изофа кард : Муддатҳост ки Амрико пайваста дар ҳоли аз даст додани нақши худ аст ва кишварҳои бештарӣ аз онҳо ноумед мешаванд.
 

 

Барчасп