Июн 08, 2023 17:03 Asia/Dushanbe
  • Эъломи бароварди қимати бозикунони тими миллии футболи Тоҷикистон

Бароварди қимат (арзиши моли)и бозикунони тими миллии футболи Тоҷикистон эълом шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, портали олмонии Transfermarkt қимати кулли бозикунони тими миллии футболи Тоҷикистонро 6.73 миллион евро баровард кард.
Ин рақам нисбат ба соли гузашта, ки арзиши бозикунони тими миллии Тоҷикистон 5 миллиону 280 ҳазор евро буд,1 миллион 450 ҳазор евро бештар аст.
Гаронтарин футболистҳои тими миллии Тоҷикистон Пирузҷон Амробоев-аз тими " CSKA - 1948 " Булғористон ва Алишер Ҷалилов-бозикуни тими " Истиқлол "- Душанбе ҳастанд, ки қимати ҳар кадом аз онҳо 650 ҳазор евро баровард шудааст.
 

 

Барчасп