Июн 12, 2023 12:25 Asia/Dushanbe
  • Раиси Бонки Рушди Осиёӣ ба Тоҷикистон сафар мекунад
    Раиси Бонки Рушди Осиёӣ ба Тоҷикистон сафар мекунад

Раиси Бонки Рушди Осиёӣ имруз дар чорчуби як сафар ду руза вориди шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон раиси Бонки Рушди Осиёӣ дар чорчуби боздиди ду рузаи худ аз Душанбе барои мушовира дар мавриди ниёзҳои рушди Тоҷикистон ва барномаи кумаки Бонки Рушди Осиёӣ дар ин кишвар бо Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти аршади ин кишвар дидору гуфтугу мекунад.

Дар ҷараёни ин сафар қарор аст биступанҷумин солгарди мушорикати Бонки Рушди Осиёӣ бо Тоҷикистон ва ҳамчунин бистуминсолгарди намояндагии доими ин ниҳоди молии байналмилалӣ дар ин кишвар таҷлил шавад.

Бонки Рушди Осиёӣ соли гузашта 221 миллион доллар, имсол ҳудуди 80 миллион доллар ба Тоҷикистон кумаки ройгон кард ва қасд дорад соли оянда 240 миллион доллари дигар кумаки молӣ ба ин кишвар ихтисос диҳад.

Барчасп