Паёми табрикии дабири кулли Созмони милал ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i10357-Паёми_табрикии_дабири_кулли_Созмони_милал_ба_раиси_ҷумҳурии_Тоҷикистон
Бон Ки Мун, дабири кулли Созмони милали муттаҳид бо ирсоли паёме ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон тасвиби тарҳи ин ҷумҳурӣ дар Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳидро табрик гуфт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 23, 2016 21:06 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии дабири кулли Созмони милал ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон

Бон Ки Мун, дабири кулли Созмони милали муттаҳид бо ирсоли паёме ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон тасвиби тарҳи ин ҷумҳурӣ дар Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳидро табрик гуфт.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, дабири кулли Созмони милал дар паёми худ тасвиби қатъномаи даҳсолаи “Об барои тавсеаи пойдор 2028 -2018”- ро дар Маҷмаи умумии Созмон милал ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.

Тарҳи ин қатънома дар иҷлоси ахири об дар Будапешти Венгрия аз сӯйи ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуда буд.

Бон Ки Мун дар ин паём ибрози итминон кард, ки ин қатънома дар 10 соли оянда, зимни тақвияти дастовардҳои даҳаи “Об барои ҳаёт”, ки аз соли 2005 то 2015 иҷро шуд, нақши муассире дар иҷрои аҳдофи тавсеаи пойдори марбут ба об хоҳад дошт.