Боздиди раиси Донишгоҳи фаннии Панҷоб аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
Раиси Донишгоҳи фаннии Панҷоб аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон боздид кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо Донишгоҳи фаннии Панҷоби Ҳинд дар заминаи фаъолиятҳои илмӣ ва омӯзишӣ ҳамкорӣ мекунад.
Роҳҳои тавсеаи равобит байни ду донишгоҳ дар дидори Аҳлиддин Ибодуллоҳзода, раиси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо доктори Кнс Канг, раиси Донишгоҳи фаннии Панҷоби Ҳинд, ки дар Душанбе баргузор шуд, баҳсу баррасӣ гардид.
Тарафайн бар инъиқоди қарордоди ҳамкорӣ, тавофуқ ва дар мавриди таҳсили донишҷӯёни мутахассис дар фанноварии иттилоот, гардишгарӣ ва меҳмондорӣ ва низ коромӯзии муаллимон ва донишомӯзон табодули назар карданд.
Намояндагони Донишгоҳи техникии Панҷоби Ҳиндустон аз синфхонаҳои дӯзандагӣ, устохонаи коркарди чўбу тахта, технологияи мошиншиносӣ ва дуредгариву кандакорӣ, қолинбофиву атласбофии факултети технология, озмоишгоҳҳои таҳқиқотӣ ва осорхонаҳои биологиву зоологии факултети биология боздид намуданд.