Июн 14, 2023 12:25 Asia/Dushanbe
  • Боздиди раиси вилояти Суғд аз бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд

Раиси вилояти Суғд аз бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд боздид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Раҷаббой Аҳмадзода шахсан итминон ҳосил кард, ки мояҳтоҷи аввалия ва мева дар роҳравҳои мухталифи бозори «Панҷшанбе» ба вуфӯр вуҷӯд дорад ва сокинон метавонанд маҳсӯлоти мавриди ниёзи худро бо қиммати муносиб таҳия кунанд. Ҳамчунин раиси вилоят барои танзиму кантроли мустамари қиматҳо ба мудирияти бозор ва масъулони идорот дастуроте дод.

Аҳмадзода гуфт, иқдомоте барои итминон аз дастрасии сокинон ба маводи ғизоӣ анҷом шудааст ва намоишгоҳҳои маҳсӯлоти кишоварзӣ ҳаршанбе дар шаҳрҳои саноатӣ баргузор мешавад.

Ба иттилои манбаъ ҳамарӯза тибқи талабот сабзӣ ва картошкаи барвақтӣ, тарбуз,​ помидору бодиринг, зардолу, шафтолу, гелос ва дигар анвои меваҳо ба бозор ворид карда шуда, пешниҳоди аҳолӣ гардида истодааст.

 

Барчасп