Июл 31, 2016 09:30 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши шадиди фаъолияти роҳи оҳани Тоҷикистон

Тайи солҳои ахир мизони мутақозиёни сафар ва интиқоли бор тавассути роҳи оҳани Тоҷикистон ба шиддат коҳиш ёфта ва роҳи оҳани ин кишвар акнун ба як созмони зиёндеҳ, табдил шудааст.

Ба гузориши сойти шабакаи телевизионии "Мир 24", то 5 сол қабл сокинони Тоҷикистон ва бавижа коргарони муҳоҷири ин кишвар тарҷеҳ медоданд, ки барои сафар ба Русия аз хадамоти роҳи оҳан истифода кунанд, ки қимати билет дар муқоиса бо ҳавопаймо, 20 дарсад арзонтар буд.

Аммо акнун ба далели коҳиши шадиди теъдоди мутақозиёни сафар ба  Русия бо истифода аз роҳи оҳан, амалан ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон дар остонаи варшикастагӣ қарор гирифтааст. Зеро сокинони Тоҷикистон сафари ҳавоӣ ва заминӣ бо ҳавопаймо ва автобусро ба Русия тарҷеҳ медиҳанд ва роҳи оҳани Тоҷикистон фаъолияти худро танҳо ба интиқоли мусофир ва бор дар дохили ин кишвар маҳдуд кардааст. Ба ин далел, ки барои расидан ба Русия бо қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистон, 4 шабонарӯз вақти мусофирон гирифта мешуд ва дар 4 минтақаи марзӣ ва бавижа Узбакистон ба баҳонаи бозрасӣ то 10-15 соат маъатталӣ дошт, ки бо таҳқир ва тавҳини марзбонон, Кумитаи мубориза бо маводи мухаддир, кормандони Хадамоти гумрук ва беҳдошт ҳамроҳ буд.

Ин авомил мӯҷиб шудааст, ки сокинони Тоҷикистон аз сафар Русия бо қатор мунсариф шаванд ва ширкати роҳи оҳани ин кишвар мутаҳамили хисороти молии калон гардад. Агар қаблан ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон солиёна аз ҳисоби тронзит 16 то 18 миллион тон бор ба Узбакистон ва Қазоқистон даромади молӣ касб мекард, имрӯз ин раванд мутаваққиф шудааст ва танҳо ҳудуди 6 миллион тон бор дар дохили ин кишвар тавассути қаторҳо, ҷо баҷо мешавад.