Июн 17, 2023 20:28 Asia/Dushanbe
  • Душанбе мизбони ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ

Ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ 19 июн ба мизбонии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба ин манзур ҳайате муташаккил аз 30 тоҷир ва сармоягузори Кореяи Ҷанубӣ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мешаванд.

Ҳадафи аслии баргузории ин ҳамоиш ҷазби сармоягузории Кореяи Ҷанубӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ва тавсеаи ҳамкорӣ байни ду кишвар дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ аст.

Дар чорчӯби ин ҳамоиш дидорҳое дар қолаби тиҷорат бо тиҷорат (B2B) ва имзои асноди ҳамкорӣ байни давоири касбу кор ва сармоягузории ду кишвар пешбинӣ шудааст.

Ҳайати тоҷирону сармоягузорони Кореяи Ҷанубӣ дар ҳошияи ҳамоиши мазкӯр бо ҳадафи шиносоӣ бо фазои сармоягузории Тоҷикистон аз манотиқи саноатӣ ва соири тарҳҳои дар ҳоли иҷро ва ҳамчунин аз мавозеъи таърихӣ ва фарҳангии ин кишвар боздид хоҳад кард.

 

Барчасп