Июн 18, 2023 19:45 Asia/Dushanbe
  • Бурди пурголи Узбекистон муқобили Тоҷикистон дар мусобиқоти CAFA

Тими миллии футболи Узбекистон бо бурди марҳалаи гуруҳии мусобиқоти CAFA-ро тамом кард ва ба финол расид.

Дар охирин рӯзи марҳалаи гуруҳии мусобиқоти CAFA 2023 дирӯз 2 бозӣ дар гуруҳи аввал баргузор шуд.

Дар дидори аввал Уммон бо сармураббигарии Иванкович бо голҳои Маҳмуд Ал Машифрӣ (42) ва Исом Ал Сабҳӣ (76) 2 бар сифр аз сади Туркманистон гузашт. Бо ин натиҷа, Уммон 4 имтиёзӣ шуд то сешанбе барои касби рутбаи сеюм ба масофи Қирғизистон биравад.

Дар дигар дидори дирӯз, Узбекистон мизбон дар шароите, ки бисёре аз нафароти аслиашро аз ибтидо дар ихтиёр надошт муваффақ шуд 5 бар як Тоҷикистонро шикаст бидиҳад то бо касби 9 имтиёзи комили по ба дидори финоли бигузорад то рақиби тими миллии Эрон шавад.

 

Барчасп