Касби ду медали варзишкорони Тоҷикистон дар мусобиқоти қоиқронии Қаҳрамони Осиё
Июн 19, 2023 12:45 Asia/Dushanbe
Варзишкорони Тоҷикистон дар мусобиқоти қоиқронии Қаҳрамони Осиё дар Тайланд ду медал касб карданд.
Ба гузориши Ховар, мусобиқоти қоиқронӣ- Маратони Қаҳрамонӣ Осиё дар байни бузургсолон, ҷавонон ва навҷавонон аз 15 то 18 июн дар шаҳри Phang Nga Тайланд баргузор шуд, ки варзишкорони тоҷик муваффақ ба касби ду медали талло шуданд.
Дар ин мусобиқот, Ҷумҳӯрии Тоҷикистон бо ҳузӯри Шаҳриёр Даминов ва Муҳаммад Раҷабов ба майдон рафт.
Шаҳриёр Даминов дар Конваи даҳазор метрии так нафараи бузургсолон мақоми дуввум ва Муҳаммад Раҷабов дар Конваи даҳазор метрии так нафараи хурдсолон мақоми аввалро касб карданд.