Касби ду медали варзишкорони Тоҷикистон дар мусобиқоти қоиқронии Қаҳрамони Осиё
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i103784-Касби_ду_медали_варзишкорони_Тоҷикистон_дар_мусобиқоти_қоиқронии_Қаҳрамони_Осиё
Варзишкорони Тоҷикистон дар мусобиқоти қоиқронии Қаҳрамони Осиё дар Тайланд ду медал касб карданд.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Июн 19, 2023 12:45 Asia/Dushanbe
  • Касби ду медали варзишкорони Тоҷикистон дар мусобиқоти қоиқронии Қаҳрамони Осиё
    Касби ду медали варзишкорони Тоҷикистон дар мусобиқоти қоиқронии Қаҳрамони Осиё

Варзишкорони Тоҷикистон дар мусобиқоти қоиқронии Қаҳрамони Осиё дар Тайланд ду медал касб карданд.

Ба гузориши Ховар, мусобиқоти қоиқронӣ- Маратони Қаҳрамонӣ Осиё дар байни бузургсолон, ҷавонон ва навҷавонон аз 15 то 18 июн дар шаҳри Phang Nga Тайланд баргузор шуд, ки варзишкорони тоҷик муваффақ ба касби ду медали талло шуданд.

Дар ин мусобиқот, Ҷумҳӯрии  Тоҷикистон бо ҳузӯри Шаҳриёр Даминов ва Муҳаммад Раҷабов ба майдон рафт.

Image Caption

 

Шаҳриёр Даминов дар  Конваи даҳазор метрии так нафараи бузургсолон мақоми дуввум ва Муҳаммад Раҷабов дар Конваи даҳазор метрии так нафараи хурдсолон мақоми аввалро касб карданд.

Image Caption