Июн 19, 2023 13:46 Asia/Dushanbe
  • Дидори вузарои иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва Русия
    Дидори вузарои иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва Русия

Вазири рушд ва иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар ҳошияи бистушашумин Ҳамоиши иқтисодии Санкт-Петербург бо ҳамтои русии худ дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, Завқи Завқизода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар ҳошият бистушашумин Ҳамоиши иқтисодии Санкт-Петербург бо ҳамтои русии худ дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор хотирнишон шуд, ки зарфи 5 моҳи аввали соли ҷории мелодӣ тиҷорати мутақобили Тоҷикистон ва Русия нисбат ба замони мушобеҳи соли гузаштаи мелодӣ 16 дарсад бештар шудааст.

Мақомоти ду тараф тайи дидор таъкид карданд, ки дар поёни соли гузаштаи мелодӣ ҳаҷми тиҷорати мутақобил, байни Душанбе ва Маскав тақрибан 1.67 миллиард доллар баровард шуда, ки дар қиёс бо соли 2021 мелодӣ 23.7 дарсад бештар будааст.