Июн 19, 2023 21:23 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Тоҷикистон ва Туркия бар густариши ҳамкориҳои илми ва пажуҳиши
    Таъкиди Тоҷикистон ва Туркия бар густариши ҳамкориҳои илми ва пажуҳиши

Дар дидори раиси маркази мутолеъоти стратежикии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафири Туркия дар Душанбе мавзуъи ҳамкории илми ва пажуҳиши байни ниҳодҳои таҳқиқотии ду кишвар барраси шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс раиси маркази мутолеъоти стратежикии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин дидор бар лузуми густариши ҳамкориҳои имлӣ ва пажуҳиши байни маркази мутолеъоти роҳбурдии вобаста ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои пажуҳиши ва фикрии Туркия таъкид ва гуфт ки ба ин манзур байни чунин марказҳои тафоҳумнома имзо шаванд.

Сафири Туркия низ дар ин дидор рушди равобити дустона байни Тоҷикистон ва Туркияро мусбат арзёби кард ва тақвияти онро ҳадафи аслии фаъолияти дипломотии худ дар ин кишвар хонд.

Барчасп