Июн 20, 2023 18:45 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон
    Даргузашти муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон

Муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон даргузашт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абдураҳмон Муборакқадамзода муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар сини 53 солагӣ ба далели бемори даргузашт.

У чандрузи ба далели фишори хун дар беморхона бистари шуда буд Абдураҳмон Муборакқадамзода дар ҷараёни руйдодҳои Бадахшон ба унвони раиси шуъбаи дохилии шаҳри Ғоруғ хидмат мекард фаъолияти кории вай бештар дар Суғд буд ва дар соли 2018 ба Хоруғ эъзом шуд.

У дар соли 1971 дар шаҳри Рушони Бадахшон ба дунё омад ва аз академияи Вазорати корҳои дохилаи Русия хатм намуд.

Вазорати коҳои дохила эълом карда буд, ки Муборакқадамзода дар ноябри соли 2021 дар вақти анҷоми вазифа барои ҳифзи назми умумӣ дар ҳодисаи шаҳри Хоруғ бо кор тавассути гуруҳҳои ҷинояткори созмонёфтаи вилояти Бадахшон маҷруҳ ва ба муддати 3 моҳ дар беморхона бистари шуд.

Вай дар 17 августи соли 2022 ба вазифаи муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон таъин шуд.

Барчасп