Июн 20, 2023 19:07 Asia/Dushanbe
  • Ғалабаи тими футболи олимпии Тоҷикистон муқобили Гонконг
    Ғалабаи тими футболи олимпии Тоҷикистон муқобили Гонконг

Тими миллии футболи зери 23 соли Тоҷикистон дар дувумин бозии дустона муқобили тими Гонконг пируз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ин дидор дар варзишгоҳи Талкоаренаи шаҳри Турсунзода баргузор шуд ва бо натиҷаи 2 бар 1 ба суди тими Тоҷикистон ба поён расид.

Умадони Камолов ва Шаҳром Самиев аз тими олампии Тоҷикистон голзани карданд.

Пеш аз ин аввалин дидори дустонаи тимҳои миллии Тоҷикистон ва Гонконг бо тасовии як бар як ба поён расида буд.  

Барчасп