Июн 22, 2023 12:07 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон: Зарфияти тавлиди асал дар Тоҷикистон 14 ҳазор тонна аст
    Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон: Зарфияти тавлиди асал дар Тоҷикистон 14 ҳазор тонна аст

Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: Замина ва шароити муносиб сабаб мешавад тавлиди асал дар Тоҷикистон ба 14 ҳазор тонна дар сол бирасад.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: Шароити муносиби эҷодшуда иҷоза медиҳад то теъдоди лонаҳои занбуи асал дар Тоҷикистон ба 600 ҳазор ва тавлиди асал ба 14 ҳазор тонна дар сол афзоиш ёбад.

Эмомалӣ Раҳмон бо эъломи ин матлаб тайи суханронии рузи гузашта дар нишасти машваратии занбурдори дар ноҳияи Ховалинг афзуд: Дар Тоҷикистон чашмаҳо ва рудҳои куҳистонӣ вусъати дарахтон ва гиёҳони доруӣ ва дигар манобеъи табиъии кишвар заминаи муносиберо барои рушди занбурдори дар Тоҷикистон фароҳам карда аст ва теъдоди лонаҳои занбури асал ба 600 ҳазор ва тавлиди асал ба 14 ҳазор тонна дар сол афзоиш ёфта аст.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард: Дигар маҳсулоти ин саноат аз ҷумла мум, шаҳд, часп ва заҳри занбури асал, ки дар саноати дорусози ва пизишкии навин корбарии фаровони дорад бояд ба хориҷ аз кишвар содир шавад.

Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 1991 танҳо 61 ҳазор тонна лонаҳои занбури асал дар кишвар парвариш ёфт ва ба таври миёнгин ҳар лонаи 9.7 килограм асал ва дар маҷмуъ 593 тонна асал тавлид шуда аст.

Барчасп