Боздошти дастёри раиси Идораи мубориза бо ҷиноятҳои мутташаккилонаи Вазорати умӯри дохилаи Тоҷикистон
Додситонии кулли Тоҷикистони дастёри раиси Идораи мубориза бо ҷиноятҳои мутташаккилонаи Вазорати умӯри дохиларо боздошт кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Акмал Юсуфзодаро гумонзад ба “ одамрабоӣ ” медонанд.
Акмал Юсуфзода гумонзад аст, ки Исмоил Раҳмонов, муаллими Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистонро дар шаби 12 июн ба зӯрӣ савори мошин карда ва ба самти номаълуме бурдааст .
Аз он ба баъд маълум нашуд сари муаллим чӣ омада ва куҷост. Мақомоти таҳқиқотӣ эҳтимоли кушта шудани ин муаллимро рад намекунанд.
Ҳамсари Акмал Юсуфзода ва Исмоил Раҳмонов дар Донишгоҳи тиҷорат кор мекардаанд. Шоҳидон мегӯянд, ки байни ду ҳамкор чӣ моҷарое рух дода ки сарҳанг шабона ӯро барои гуфтугӯ фаро хондааст .
Исмоил Раҳмонов қасд дошт ба зудӣ аз поённомаи илмии худ дифо кунад . Ҳамкоронаш гуфтанд “ яку ним ҳафта пеш поённомаи худро анҷом дод ва пас аз он дигар ба донишгоҳ наомад.”
Исмоил Раҳмонов дар ноҳияи Ҷайҳун ба дунё омад ва дар бахши мудирияти Донишгоҳи тиҷорат кор мекард. 38 сола ва дорои чаҳор фарзанд аст.