Дидори вазири кори Тоҷикистон бо муовини вазири кори Русия
Вазири кори Тоҷикистон бо муовини вазири кори Русия дидор кард.
Гулнора Ҳасанзода-вазири кор, муҳоҷират ва иштиғоли Тоҷикистон бо Елена Михатиёрова-муовини вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Русия мулоқот кард.
Дар ин дидор эълом шуд 100 ҳазор муҳоҷир мутобиқ бо илзомоти бозори кори Русия дар муассисоти омӯзиши ибтидоии ҳирфаӣ ва маркази омӯзиши бузургсолони Тоҷикистон қабл аз сафар омӯзиш хоҳанд дид.
Ҳамчунин имкони омӯзиши ҳирфаӣ(касбӣ) барои муҳоҷирони кории тоҷик низ тавассути корфармоёни русӣ баррасӣ шуд .
Дар ин нишаст дар мавриди иҷрои тавофуқномаи байни ду кишвар дар мавриди мушорикати созмонёфтаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар фаъолиятҳои муваққати коргарӣ дар хоки Русия ва ифтитоҳи дафтари намояндагии “ Хадамоти шиноснома ” и Вазорати умӯри дохила баҳсу табодули назар шуд .