Содироти 4000 тон зардолу аз ноҳияи Ашти Тоҷикистон
(last modified Sat, 24 Jun 2023 08:09:47 GMT )
Июн 24, 2023 13:09 Asia/Dushanbe
  • Содироти 4000 тон зардолу аз ноҳияи Ашти Тоҷикистон

4000 тон зардолу аз ноҳияи Ашти Тоҷикистон ба хориҷи кишвар содир шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар се соли гузашта ҳудуди 400 гектар боғи нави зардолу дар ин минтақа бунёд шуда, ки бардошти бештари онҳо оғоз шудааст .
Дар моҳи май кишоварзони ин ноҳия зардолуи зудрасро ба кишварҳои Русия, Қазоқистон ва бархе аз манотиқи Аврупо ва кишварҳои арабӣ содир карданд.
Аз 18000 гектар боғи зардолуи минтақа, ки 11000 гектари он ҳосилхез аст, арқоми пурмаҳсӯлу зудраси зардолуи мутаносиб бо шароити минтақа монанди “ мирсанҷалӣ ” ,“ бобоӣ,  исфарак ”, “ рухи ҷавонон ”,  офтобак ” ва “ тоҷибоӣ ” ҷамъоварӣ мешавад.
Дар ҳоли ҳозир дар ноҳияи Ашт рӯзона 8 ҳазор нафар ба кумаки боғдорони минтақа меоянд ва аз 150 то 350 сомонӣ дар рӯз дастмузд дарёфт мекунанд .