Июн 24, 2023 14:40 Asia/Dushanbe
  • Поёни рақобатҳои ҷоми миллатҳои Осиё 2023 барои тими миллии ҷавонони Тоҷикистон

Рақобатҳои ҷоми миллатҳои Осиё 2023 барои тими миллии ҷавонони Тоҷикистон ( зери 17 сол ) ба поён расид .

Тими миллии навҷавонони зери 17 соли Тоҷикистон охирин дидори худро дар ҷоми миллатҳои Осиё 2023 дар Тайланд баргузор кард .Тими миллии навҷавонони Тоҷикистон дар даври сеюми марҳалаи гуруҳии рақобатҳои қаҳрамонии Осиё ба масофи тими Австралия дар чаҳоргонаи  C ” рафт .
Тими миллии Тоҷикистон барои роҳёбӣ ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бояд дар ин дидор пирӯз мешуд .
Тими Австралия дар нимаи дувум муваффақ шуд ду бори хати дифои тими миллии Тоҷикистонро бишканад ва бо натиҷаи ду бар сифр ба пирӯзӣ бирасад .
Дар дигар дидор тими миллии Арабистон муқобили Чин бо натиҷаи 3 бар 0 ба пирӯзӣ расид . Ба ин тартиб Арабистон дар се бозӣ 9 имтиёз касб ва мақоми аввали гуруҳи  C ”-ро аз они худ кард .
Австралия бо шаш имтиёз дувум шуд . Тими миллии Тоҷикистон бо касби як имтиёз дар радаи сеюми ҷадвал қарор гирифт . Тими Чин бо як имтиёз дар ҷойгоҳи охир қарор гирифт .
 

 

Барчасп