Июн 27, 2023 18:22 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши варзишкорони маъюби тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ
    Дурахшиши варзишкорони маъюби тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ

Ду варзишкори маъюби тоҷикистонӣ медали тиллоро дар рақобатҳои ҷаҳонии Берлин-2023 ба даст оварданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абдулҳамид Эмомов, варзишгари тоҷик дар сабқати давидан ба масофаи 200 метр ва Нисора Сафарова, варзишгардухтари дигари тоҷик дар сабқат тенниси рӯйи миз мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гаштанд.

Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон бо ҳайати варзишгарони тоҷик иштирокунандагони бозиҳои махсуси ҷаҳонии тобистонаи олимпии мулоқот карда, варзишгарон ва мураббиёнро бо дастовард ва ҳамчунин Рӯзи байналмилалии олимпӣ, ки ҳамасола 23 июн дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, табрик намуд.

Дар ин бозиҳо ки дар Берлин баргузор шуд Тоҷикистон бо 3 варзишкор дар ду риштаи дави майдони ва тениси руи миз ҳузур дошт.

7000 варзишгари риштаи варзиши сабуки дорои маълулияти рӯҳӣ ва норасоии шадиди зеҳнӣ аз 180 кишвари мухталиф дар 26 намуди варзиш иштирок хоҳанд кард.

Барчасп