Июл 31, 2016 11:59 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши сармоягузорӣ барои сохти нерӯгоҳи Роғун дар соли 2017

Вазири молияи Точикистон аз барномаи ҳукумати ин кишвар ба манзури коҳиши сармоягузорӣ барои сохти нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун дар соли 2017 хабар дод.

Ба гузориши сойти CA News, Абусалом Қурбониён тайи нишасти хабарии ахири худ дар Душанбе, гуфтааст, ки дар соли 2017 мизони сармоягузорӣ барои идомаи сохти ин нерӯгоҳи 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ ( 165 миллион доллар) хоҳад буд, ки дар муқоиса бо 3 соли ахир коҳиши қобили мулоҳизае хоҳад дошт.

Ин дар ҳоле аст, ки тайи солҳои 2013 то 2016 барои идомаи сохти ин нерӯгоҳ аз буҷаи давлати Тоҷикистон ба таври миёнгин, солиёна маблағи 2 миллиард сомонӣ ( 254 миллион доллар) ихтисос дода мешуд.

Аммо ин мақоми ҳукумати Тоҷикистон дар бора иллати коҳиши сармоягузорӣ барои сохти нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун дар соли 2017 аз буҷаи давлати ин кишвар тавзеҳ надодааст. Абдусалом Қурбониён хабар дод, ки охирҳои моҳи октябр ё аввалҳои моҳи ноябр маҷрои Вахш баста мешавад ва маблағхо барои Роғун ҳам дар ҳамин замина ҷудо хоҳанд шуд. Аз сӯи дигар, ахиран ширкати итолияии "Impregilo S.p.A Salini", барандаи муноқисаи байналмилалии сохти нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун, мутааҳҳид шудааст, то соли 2018 ду чархаи нахусти ин нерӯгоҳро бо тавони тавлиди беш аз 4 миллиард киловатт/соат барқ дар сол, ба баҳрабардорӣ бирасонад.