Июн 28, 2023 17:24 Asia/Dushanbe
  • Баргузории намози иди Қурбон
    Баргузории намози иди Қурбон

Мусулмонони Тоҷикистон субҳи имрӯз бо ҳузури густарда дар масоҷиди ҷомеи ин кишвар, намози иди саиди Қурбонро иқома карданд.

Иди саиди Қурбон яке аз идҳои бузурге аст, ки дар Тоҷикистон ба таври густарда таҷлил мешавад.

Боздид аз манозили хешовандон ва қироати Қуръон барои шодии рӯҳи даргузаштагон, аёдати беморон, ҳадя ба кӯдакон ва зинати суфраҳои идона бо анвои гуногуни ғизоҳо аз суннатҳои роиҷи мардуми мусулмони тоҷик дар ин рӯз ба шумор мераванд.

 

Барчасп