Июн 29, 2023 19:47 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии сармураббии тими футболи шаҳри Хуҷанд

Сармураббии нави тими футболи " Хуҷанд " муаррифӣ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Фаррух Маъруфов ба мақоми сармураббигарии дастаи футболи « Хуҷанд » мансуб шуд.
Шариф Зиёев низ ба унвони мураббӣ ва дастёри сармураббии тим анҷоми вазифа мекунад.
Ҳамчунин дар ин ҷаласа Муродҷон Умаров-мудири иҷроии бошгоҳи футболи Хуҷанд аз фидокорӣ ва амалкарди хуби бозикунон ташаккур кард.
Вай хотирнишон кард, ки бо ҳидояти Фаррух Маъруфов ва Шариф Зиёев фазои мусбате вуҷуд дорад ва ҳамаи натоиҷ хушбинона аст .
Фаррух Маъруфов ҳам аз эътимоди мудирон ташаккур кард ва таъкид кард ки ин ифтихори бузургӣ барои ӯ аст, аммо тим ниёз ба назму нигариши ҳирфаӣ дар дохилу хориҷ аз замини футбол дорад .
Пеш аз ин бошгоҳи футболи « Хуҷанд » қатъи ҳамкорӣ бо Нӯъмон Ҳасанов сармураббии ин тимро таъйид карда буд .



 

 

Барчасп