Декабр 24, 2016 14:08 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Туркия барои густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон

Сафири Туркия дар Тоҷикистон гуфт, кишвараш омодаи густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахшҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ аст.

Алӣ Рифъат Киёксал, сафири ҷадиди Туркия дар Тоҷикистон дар мусоҳиба бо хабаргузории “Ховар” гуфтааст, содироти Тоҷикистон ба Туркия наздики 200 миллион доллар ва ҳаҷми умумии тиҷорат байни ду кишвар 360 миллион доллари амрикоӣ аст. Сафири Анкара дар Душанбе афзуд, дар бахши сармоягузорӣ низ Туркия пештоз аст ва байни солҳои 2009-2014 ширкатҳои туркӣ наздик ба 150 миллион доллар ва соли 2015 наздик ба 50 миллион доллар дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаанд, аммо ин кофӣ нест ва бояд бо истифода аз зарфиятҳои ду кишвар ҳаҷми тиҷорату сармоягузорӣ бештар шавад.

Сафири Туркия дар Тоҷикистон дар мавриди ҳамкориҳои ду кишвар дар робита ба таъмини амнияту суботи ҷомеа низ гуфт, дидгоҳи Анкара ва Душанбе дар мавриди мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ дар бисёр заминаҳо ҳамоҳанг аст. Алӣ Рифъат Киёксал афзуд: “Таҷрибаи муштараку на чандон дури Туркия ва Тоҷикистон аз кудатои номуваффақ алайҳи ҳукумат ба мо имкон медиҳад, ки дар бахши амният бештар ба якдигар кумак кунем”.