Июн 30, 2023 20:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ
    Ҳамоиши кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ

Ҳамоиши таъмини молии иқлимӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ дар Душанбе баргузор мешавад.

Аз 3 то 7 июли соли ҷорӣ ҳамоиши байналмилалии сармоягузорӣ дар заминаи иҷроии “Саҳми миллии Тоҷикистон дар коҳиши интишори газҳои гулхонаӣ” ва ҳамчунин семинари минтақаӣ дар мавриди таъмини молии иқлимӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ дар Душанбе баргузор мешавад.

Ин ҳамоиш бо ҳамкории саҳми таъйиншудаи миллӣ (NDC Partnership) ва дабирхонаи Конвенсияи чорчӯби Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди тағйироти иқлим баргузор мешавад. Интизор меравад, ки раҳбарону намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, шуракои тавсеа, мақомоти ҳифзи муҳити зисти кишварҳои Қафқозу Осиёи Марказӣ, дабирхонаи Конвенсияи намунаи Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди тағйироти иқлим ва ҳамчунин вазоратхонаву ожонсҳои марбутаи ҷумҳурӣ ва бахши хусусӣ дар ин ҳамоиш ширкат хоҳанд кард.

 

Барчасп